Наврӯзи Хуҷанд: дар 100 дег суманак пухта мешавад

0
4 179 просмотров

Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тамоми 22 маҳаллаҳои шаҳр ва кӯчаю биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ тантанаҳои наврӯзӣ бо гузоштани деги суманак доир гашта истодааст. Назар ба маълумоти шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои мақомоти маҳаллӣ дар рӯзҳои таҷлили ин иди аҷдодӣ дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо 100 деги суманак пухта мешавад.
Дар баробари ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро соҳибкорону саховатмандон дастгирӣ намуда, хатнатӯйии кӯдаконро аз оилаҳои ниёзманд баргузор хоҳанд кард.
Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст ба наздик ду ҳазор шахсони эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаи моддӣ расонда онҳоро аёдат намояд.

Манбаъ: http://www.khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии саратони бачадон ва гурдаро муваффақона анҷом доданд

Нахустин маротиба табибони тоҷик ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: