Дар Конибодом коргоҳи нави дӯзандагӣ таъсис ёфт

0
2 090 просмотров

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом  коргоҳи   нави дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Коргоҳи   мазкур  аз тарафи соҳибкор Наим Насибов дар маркази шаҳри Конибодом  сохта шуда, дар он 30 нафар коргар бо  ҷойи корӣ таъмин шуданд. Коргоҳ   бо муассисаҳои таълимии шаҳр  шартнома баста, барои хонандагон либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом  дар маросими ба истифодадиҳии коргоҳи дӯзандагӣ иштирок намуда, барои васеъ намудани доираи фаъолият ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун тавсияҳо дод.

Ҳоло дар мактабҳои шаҳри Конибодом беш аз 34 ҳазор нафар хонандагон таҳсил намуда, талабот барои хариди маҳсулоти дӯзандагӣ зиёд аст. Аз ин рӯ муассисони корхонаро зарур аст, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба роҳ мондани либосҳои мактабӣ тадбирҳои муҳим  андешанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аз 30-апрел то 10-май ба бозорҳои либосфурӯшии пойтахт рӯзҳои санитарӣ эълон карда шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: