Дар Истанбул татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

0
1 291 просмотров

15 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул  Мурод Саидзода бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич баргузор гардид. Дар ин бора  хабанигори  АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД бо истинод ба Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Истанбул иттилоъ медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими равобит ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.

Дар ин росто, ҷонибҳо ҷалби сармоягузорони Туркия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Андалеб-2021» 30 соли Истиқлоли давлатиро бо тобишҳои рангин инъикос мекунад

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: