Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд

0
498 просмотров

19 ноябр дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии «Таҳкими амният барои таъмини субот: коҳиши хатарҳои афзояндаи терроризми фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ» доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конфронс роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони байналмилалӣ ва дигар шахсони воломақом иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба таҳдидҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ, хавфҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таъмини амнияти сарҳадҳо ва сатҳи ҳамкории минтақавӣ бар зидди терроризми фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 17.10.2017

Имрӯз, 17 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: