Дар Давҳа масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

0
547 просмотров

Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Директори кулли муассисаи «Ал Мутамиз» Аҳмад Ал Кашеф мулоқот анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассисаи «Ал Мутамиз» ба ташкили табодули академӣ, машварати таълимӣ, курсҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои илмии мухталиф нигаронида шудааст.

Зимни мулоқот масоили ташкили табодули академӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ аз муассисаҳои мухталиф ба донишгоҳ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самти ташкили маркази таълимӣ-лабораторӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, хизматрасонии тарабхонавӣ ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.

Гуфтушуниди ҷонибҳо ҷиҳати дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар ба имзо расонидани созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ вобаста ба масоили баррасишуда идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2019

Якчанд лаҳза пеш дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) воқеъ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 17 сола доир шуд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: