Дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиш баргузор шуд

0
700 просмотров

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ба муносибати фаро расидани фасли баҳор дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем» баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар ҳамоиш 300 нафар занону донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан иштирок намуданд.

Ҳадаф аз иқдоми «Тоҷикона мепӯшем»- арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ идома дорад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сумасшедшие деньги в случае победы на ЧМ-2018

Каждому игроку достанется почти миллион евро. Стало известно, какие премиальные предусмотрены для сборной Испании за выступление на ЧМ-2018. Если команда станет чемпионом мира, каждый игрок ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: