COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид

0
1 279 просмотров

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат 31 июл аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар маросими қабули ваксинаҳои мазкур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксина бар зидди бемории коронавирус сипосгузоранд.

Манбаъ: АМИТ  «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах техникаи зарурӣ дастрас карда шуд

1 март ба Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ аз ҳашароти зараровар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: