Боэли омода аст, ки ба Мбаппе дар “Челси” маоши рекордӣ диҳад

0
1 079 просмотров

Бо омадани Маурисио Почеттино ба «Челси» овозаҳо дар бораи эҳтимоли интиқоли Килиан Мбаппе пайдо шуданд.

Мбаппе, ки яке аз футболбозони боистеъдод ва серталабтарин дар ҷаҳон аст. Ӯ  метавонад як хариди калидӣ барои дастаи Почеттино бошад.

Музокирот бо “ПСЖ”  осон нахоҳад буд ва мухлисони «Челси» интизори оғози он ҳастанд. Ба навиштаи расонаҳои мухталиф, бошгоҳи фаронсавӣ Мбапперо ба маблағи камтар аз 180 миллион евро намефурӯшад.

Агар созишнома бомуваффақият анҷом ёбад, “Челси” яке аз бозингарони беҳтарин дар ҷаҳони футболро ба даст меорад.

Ба иттилои Football London, Тодд Боэли  омода аст ба ин бозигар маоши рекордии 60 миллион евро дар як сол пардохт кунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Мбаппе беҳтарин бозигари мавсим дар Лигаи 1-и Фаронса эътироф гардида буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

У кого самая низкая зарплата?

Наиболее низкий размер заработной платы в Таджикистане зафиксирован в сельском хозяйстве, здравоохранении и образовании. Порядка 45% от общей численности работоспособного населения страны занято в сельском ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: