БДА ОГОҲ МЕКУНАД:роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ муваққатан баста шуд

0
2 447 просмотров

Бинобар фаромадани ҷинсҳои кӯҳӣ дар километри 119-700-и роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути ин роҳ муваққатан манъ карда шуд.

Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлати автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Раёсат аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш дорад, ки то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.

Зикр карда шуд, ки оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ иловатан хабар дода мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Баргузории «Иди гулҳо» дар Ашт

Дар боғи маданият ва истироҳати ба номи М. Воҳидови ноҳияи Ашт «Иди гулҳо» баргузор гардид, ки дар он корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: