«Барселона» футболбози нав харид

0
2 850 просмотров

Бошгоҳи футболи «Барселона» дар сомонааш аз гузариши ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Гронинген” — Людовит Рейсро ба даста расман эълон кард. Маблағи гузариши ӯ 3.25 млн евроро дар бар мегирад. Футболбози 18 солаи ҳолландӣ то соли 2022 бо “нилунориҳо” қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳар бошгоҳе, ки дар оянда хостгори харидории Рейс мешавад бояд, ки ба хазинаи “Барселона” 100 млн евро пардохт намояд. Дар мавсими ҷорӣ Людовит Рейс дар 31 бозии дастааш вориди майдони сабз шуда, як голро талими дарвозаи рақибон намудааст. Рейс сар аз мавсими нав рақобатро дар бошгоҳи “Барселона Б” шуруъ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Озмуни беҳтарин шеър ва мақолаи публитсистӣ, ки бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид

Озмуни беҳтарин шеър ва мақолаи публитсистӣ, ки бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид ва ғолибон қадршиносӣ шуданд. Маросими супоридани тӯҳфаҳо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: