Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Раул Кастро Рус

1
4 947 просмотров
Акс аз: www.avesta.tj

Акс аз: www.avesta.tj

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозии инҷониб аст, то самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Куба изҳор намоям.

Мутмаинам, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатии комил ва хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Куба – пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи танзими энергетика

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Иши мулоқот ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: