Баргузории Фестивали «Оши палав» дар шаҳри Душанбе

0
1 853 просмотров

Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»  баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.    

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали мазкур ба   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида  мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Фестивали «Оши палав» тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мардуми  тоҷик мебошад.

Фестивали «Оши палав»  14 март доир гардида, дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳр ҳунари худро пешниҳоди иштирокдорон менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намак ва зарарҳои фаровони он ба ҷигар

Хӯроки пурнамак илова ба боло бурдани фишори хун боиси осеб расондан ба ҷигар мешавад.Ирфони Пурқубод, коршиноси маводи ғизоӣ гуфт, масрафи ғизои пурнамак тавассути модарони бордор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: