Баргузории Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчам

0
5 593 просмотров

Бо мақсади пуршукӯҳ ҷашни гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷмӯъи чорабиниҳо, аз ҷумла машқи дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марофони велосипедронӣ ва дави миллӣ бо ҷалби бештари сокинони маркази вилояти Суғд гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, санаи 23-юми ноябри соли равон, соати 14:00 дави миллӣ бо иштироки беш аз 15 ҳазор нафар  ва марафони велосипедронӣ бо ҷалби 2000 нафар аз маҷмааи «Истиқлол» то маҳаллаи 3-юми шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад. Машқи дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ субҳи 24-уми ноябри соли равон дар майдони Парчами миллӣ бо мақсади роҳандозии тарзи ҳаёти солим баргузор мешавад. Масъулин иқдоми гирифташударо бо ҳадафи тарғиби худшиносиву худогоҳӣ ва тарғиби зиндагии солим арзёбӣ намуда, онро маҷмуъан ба манфиати ҷомеа унвон менамоянд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

ФК «Худжанд» лидер предварительного этапа

На проходящем в Согдийской области предварительном этапе Кубка ФФТ состоялись очередные матчи. В группе «Б» турнирную таблицу единолично возглавляет «Худжанд», который в первых двух турах ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: