Дар штати Банғолаи ғарбии Ҳиндустон боришоти бидуни таваққуфи борон ба фаромадани ярч боис гардид. Бар асари офати табиӣ 30 кас ҷон бохт. Талафоти ҷонӣ дар минтақаи кӯҳии Дардҷилинг ба қайд гирифта шудааст. То кунун 13 ҷасадро аз зери обу гил берун баровардаанд. Айни ҳол тақдири 15 каси дигар номаълум боқӣ мемонад. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 100 хонаи истиқоматӣ низ хароб гардид. Дар минтақаи офатзада сокинон аз истифодаи неруи барқу алоқа маҳрум афтодаанд. Дардҷилинг аз шаҳри Калкута 600 километр фосила дорад. Ҳафтаи гузашта дар штати Гуҷарот обхезӣ 55 қурбонӣ барҷой гузошта буд. Дар ин бора сомонаи jahonnamo.tj хабар медиҳад.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Покистон
21 март дар шаҳри Исломобод дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ...


Нет комментариев