Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад

0
214 просмотров

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивал бозиҳои миллии варзишии камонварӣ, тезхӯрак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо намоиш дода мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории бозиҳои миллии варзишӣ — эҳё намудани бозиҳои қадимии тоҷикон ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Моҳии фоидаоварро интихоб мекунем

Бешубҳа дар байни маҳсулоти баҳрӣ моҳӣ ҷои асосиро мегирад. Дар хусуси он, ки моҳии баҳрӣ, дарёӣ ва ё моҳии укёнусҳо фойдаоваранд,  одамон аз замонҳои қадим ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: