Аз таъмири асосӣ бароварда шудани165 км роҳҳои вилоят

0
1 848 просмотров

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 108,1 фоиз иҷро гардида, беш аз 2340 км роҳ ба таъмир фаро гирифта шуд.

Аз миқдори умумии роҳҳои таъмиргашта 165,65 км таъмири асосӣ, 923,4 км таъмири ҷорӣ ва 1253,5 км шағалпўш гардида, барои корҳои иҷрошуда дар маҷмуъ 96 миллиону 885,6 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 34 миллиону 999,3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 38,95 км роҳ аз таъмири асосӣ ва 4,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки имсол таъмиру тармими 2166,8 км роҳ ба нақша гирифта шуда буд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Озмуни мақолаи беҳтарин миёни донишҷӯён

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишчӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» озмуни ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: