Аз 18 октябр маҳдудият барои истифодаи барқ ҷорӣ мешавад

0
2 981 просмотров

Аз 18 октябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои  кишвар, ғайр аз шаҳри Душанбе  маҳдудияти  қувваи барқ ҷорӣ мешавад. Тавре ки котиби матбуотии Ширкати саҳҳомии холдингии  кушодаи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, вақти маҳудудияти барқ аз истифодаи оқилонаи барқ вобастагӣ дорад. Сабаби  ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро сарчашма чун  норасоии энегияи барқ  ва қарзи истифодабарандагони барқ дар назди  «Барқи тоҷик» маънидод кард.
Бояд гуфт, ки бо фарорасии хунукиҳо  аллакай дар бештари маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, мушкилоти барқ ба миён омадааст. Дирӯз  аз надоштани барқ як қисми мардуми пойтахт азият  кашиданд.
Сарчашма хабар дод, ки вақт ва тартиби   аниқи маҳдудияти  барқ баъдтар хабар дода мешавад.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маъракаҳо бо риояи қонуни танзим

Амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳаввулоти маънавию тағйирёбии равонии мардум ва сармояи иқтисодии халқ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: