Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид

0
4 178 просмотров

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон моҳи июли соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 июни соли 2018, №263 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гардидаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда маъюбонро ба ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд ва ҷиҳати ташкили чорабиниҳои идона барои маъюбон чораҳои мушаххас андешанд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба маъюбон ёриҳои моддӣ ва молиявӣ расонида мешавад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вазифагузориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Нимаи дуюми рӯзи гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: