Алиссон ҳамдастаи Роналду мешавад!

0
537 просмотров

Дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ азм дорад, ки дар равзанаи трансфери тобистона дарвозабони тими “Ливерпул” – Алиссон Бекерро харидорӣ намояд. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Скира хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти “Ал-Наср” таваҷҷӯҳи асосиро ба Алиссон равона мекунанд. Дар сурати ин трансфер анҷом нашудан, онҳо ба Кейлор Навас дарвозабони “ПСЖ” ва дарвозабони “Ювентус” — Вайтсех Шенсни низ мароқ зоҳир кардаанд.

Қайд мешавад, ки ба Алиссон аллакай як клуби дигари Саудӣ шартнома пешниҳод кардааст ва Шенсни бошад нияти тарки Аврупоро надорад ва мехоҳад дар “Ювентус” бимонад.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану собиқ ҳамдастааш Давид де Хеаро низ ба дастаи “Ал-Наср” таклиф кардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: