Алиссон ҳамдастаи Роналду мешавад!

0
381 просмотров

Дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ азм дорад, ки дар равзанаи трансфери тобистона дарвозабони тими “Ливерпул” – Алиссон Бекерро харидорӣ намояд. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Скира хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти “Ал-Наср” таваҷҷӯҳи асосиро ба Алиссон равона мекунанд. Дар сурати ин трансфер анҷом нашудан, онҳо ба Кейлор Навас дарвозабони “ПСЖ” ва дарвозабони “Ювентус” — Вайтсех Шенсни низ мароқ зоҳир кардаанд.

Қайд мешавад, ки ба Алиссон аллакай як клуби дигари Саудӣ шартнома пешниҳод кардааст ва Шенсни бошад нияти тарки Аврупоро надорад ва мехоҳад дар “Ювентус” бимонад.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану собиқ ҳамдастааш Давид де Хеаро низ ба дастаи “Ал-Наср” таклиф кардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хуҷанд: ғолибияти рассоми ҷавон

Сафири Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ярослав Сиро бо мақсади қадршиносии ғолиби 46-умин озмуни байналмиллалии рассомони ҷавон Аброр Ҳамроқулов, хонандаи мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: