Ҷаласаи шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия

0
6 098 просмотров

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид. Зимни ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният ва  субот дар ҳарду кишвар, мубориза ба муқобили терроризм-экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ карда мешаванд. Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии машваратӣ ҳайати коршиносони дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия таҳти сарварии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дирӯз ба Душанбе омада буд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 29.09.2017

Имрӯз, 29 сентябр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: