Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

0
1 770 просмотров

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар соҳилҳои дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар аксияи мазкур 100 нафар кормандони Сарраёсати ободонӣ шаҳр ва дигар ташкилотҳо дастаҷамъона соҳилҳои дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона, хусусан қамишзорҳои худрӯй тоза намуданд.

Зимни гузаронидани аксия аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз сокинони ин маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки соҳили дарёро тозаю озода нигоҳ доранд ва ҳисси эҳтиром ба манбаи ҳаёт — обро ба ҷой оранд. 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Между Таджикистаном и Узбекистаном открылся ещё один пропускной пункт

Вчера, 2 марта состоялась торжественная церемония открытия автомобильного двустороннего контрольно-пропускного пункта, расположенного между Гиссаром Республики Таджикистан и Бабатагом Республики Узбекистан. В торжественной церемонии приняли участие ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: