А. Ахмедов бо ваъдаи қитъаи замин автомашинаро аз худ кард

0
3 989 просмотров

Як сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қаллобӣ дастгир карданд. Дар ин бора ба Радиои Тироз аз мақомоти милитсияи вилоят иттилоъ доданд. Ин ҷавон 32-сол дошта , Анвар ном бурда мешавад. Аз рӯйи тафтишоти милитсия номбурда бо роҳи фиреб автомашинаи як сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Гафуровро аз худ кардааст. Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, автомашинаи арзишаш 51 ҳазор сомонии ӯро аз худ мекунад ва бар ивазаш аз маҳаллаи 3-уми шаҳр китъаи замин ваъда мекунад. Вале аз байн панҷ моҳ мегузараду ба ваъда вафо намекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ба мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд шикоят мебарад ва гумонбарро дастгир карда, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ чораҳо андешида истодаанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар як сабадаки офтобпараст то 1000 гул мавҷуд аст

Офтобпараст барги калони сода дорад. Дар охири пояи он хӯшагули калони сабадак ҷой гирифтааст. Ҳамаи гулҳои сабадак найчагул буда, гулҳои канори сабадак забонакгул мебошанд. Забонакгулҳои канорӣ гардон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: