Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ дар бонкҳои Швейтсарияву Олмон захира мешудааст

0
1 965 просмотров

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт захираҳои арзу тиллои Тоҷикистон дар ду кишвар аврупоӣ захира мешаванд.

Тавре раиси Бонки миллӣ қайд намуд, захираҳои арзу тиллои кишвар дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳдорӣ мешаванд.

Инчунин, вай қайд намуд, ки ҳаҷми захираҳои байнулмилалии арзу тиллои Бонки миллии Тоҷикистон афзоиш ёфта то ба сатҳи 5,2 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расонида шуд.

Қаблан Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки мувофиқи меъёрҳои байнулмиллӣ ва тибқи арзёбии коршиносони соҳа, сатҳи ҳадди ақали имконпазир (раво)-и захираҳои байнулмилалии кишвар бояд ба 3 моҳ баробар бошад.

Манбаъ: https://sputnik-tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сборная Канады в финале победила команду Финляндии

Сборная Канады победила команду Финляндии в финале чемпионата мира по хоккею 2016 года, который проходил в Москве и Санкт-Петербурге, и в 26-й раз выиграла золотые медали турнира. Встреча, прошедшая в воскресенье в Москве, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: