Иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

0
3 059 просмотров

Нақшаи сафарбарнамоии ҷавонони синнидаъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пеш аз муҳлат  таъмин гардид.

Дар ин бора аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ дода, афзуданд, ки ба санаи 5 май нақшаи даъват пеш аз мӯҳлат ба андозаи 100 фоиз ба иҷро расид.

Ҷойизи зикр аст, ки ба туфайли роҳандозии дуруст ва муассири корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстонаи ҷавонон, ташкилу баргузории вохӯрию мулоқотҳои ошкорову судманди масъулин сафи ихтиёриён нисбат ба солҳои пешин хеле афзудааст.

Бояд гуфт, ки моҳҳои апрел-майи соли 2015 дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

В космосе нашли нарушающий законы физики объект

Первоначальные данные показали, что находка двигалась со скоростью, которая в семь раз превышала скорость света. Но это просто невозможно. Рассказываем, как ученые объяснили это «сверхсветовое» движение, нарушающее законы физики, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: