«Бавария» гаронарзиштарин дифоъгари ҷаҳонро харидорӣ намуд

0
3 122 просмотров

Бошгоҳи “Бавария” дар сомонаи расмиаш аз гузариши дифоъгари фаронсавии дастаи “Атлетико Мадрид” Лукас Эрнандес хабар дод. Бозигари 23 солаи фаронсавӣ аз 1-уми июли соли равон ба ҳайати дастаи наваш ҳамроҳ мешавад. Қарордоди ҳамкорӣ байни бозигари фаронсавӣ ва бошгоҳ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расидааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Бавария” барои харидории қаҳрамони ҷаҳон 85 миллион евро пардохт намудааст, ки ин маблағ дар таърихи футбол барои харидории як дифоъгар рекордӣ мебошад. Пешатр рекорд ба дифоъгари “Ливерпул” — Вирҷил ван Дейк рабт дошт, ки ин бошгоҳ барои харидориаш 84,7 миллион евро харҷ намуда буд. Эрнандес дар дастаи наваш дар як сол 13 миллион евро ба даст меорад. Дар мавсими ҷорӣ Лукас дар 22 бозии дастаи “Атлетико” ширкат варзида, ба задани як тӯб даст ёфтааст. Хотиррасон мекунем, ки Лукас Эрнандес бо мунтахаби Фаронса Ҷоми ҷаҳон-2018-ро ба даст оварда буд.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

ВИДЕОЛАЙФХАК #БУБИНБИОМӮЗ №6

Безараргардонӣ дар офис: чӣ гуна онро дуруст анҷом додан лозим аст. Пандемияи коронавирус мавзӯи асосии рӯз мебошад ва дар кори мубориза бар зидди паҳншавии ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: