Мусобиқаи тирпаронӣ миёни хонандагон ва сарбозон

0
4 554 просмотров

Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ мусобиқаи харбӣ-варзишии «Тирпарронӣ» бахшида ба 22-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир шуд.

Чорабинии мазкур миёни хонандагон ва дастаҳо аз қисмҳои низомии мақомоти қудратӣ гузаронида шуд. Масъулини кумита ва КМ «Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон» ба ғолибони мусобикаи тирпарронӣ, ки миёни хонандаҳои синфҳои болоии ноҳияи И. Сомонӣ доир шуд, медалу дипломҳо супориданд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» доир мешавад, ба дастаҳои сарбозони ғолиби мусобиқаи мазкур ҷому туҳфаҳо супорида хоҳанд шуд. Дар ин бора khovar.tj хабар медихад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 24.06.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4397 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: