Waymo аввалин роботаксиро фаъол намуд

0
2 689 просмотров

Waymo – собиқ лоиҳаи мошинаҳои худгарди Google, ки ба ширкати алоҳида таблид ёфтааст, оид ба оғози лоиҳаи аввалин хизматрасонии тиҷоратии мошинаҳои худрави Waymo One, хабар дод. Ҳоло аз хизматрасони танҳо сокинони Финикси штати Аризонаи Амрико истифода бурда метавонанд.

Waymo мошинҳои бесарнишини худро дар Феникс, аз баҳори соли гузашта месанҷад. Бо ирсоли дархост, дилхоҳ сокини шаҳр метавонист ройгон аз худрави Chrysler Pacifica истифода барад. Бо ёрии замимаи мобили иштирокчиёни барнома метавонистанд “мошини оянда”-ро дар дилхоҳ вақт фармоиш дода, ба дилхоҳ кунҷи шаҳр сафар намоянд.

Ҳоло бошад One шабонарӯз дарстрас мебошад, лекин “мошини доно”-ро танҳо дар чор минтақаи Финикс истифода бурдан мумкину халос. Бо гузашти замон масоҳати истифодабари васеъ мегардид, иброз дошт сардори Waymo, Джон Крафчик.

Дар даруни мошин сенсорҳое насб шудаанд, ки онҷо хати сайр ва дигар маълумотро дидан мумкин. Аз тугмаҳои он истифода бурда, мусофирон метавонанд сафарро оғоз намоянд, бо хадамот ба алоқа бароянд, дарҳоро боз ва банд намуда дар ҷои лозима мошинро манъ кунанд.

Мошинҳо пурра худрав мебошанд. Бар замми ин барои эҳтиёти дар чамбараки баъзи онҳо ронанда қарор дорад, ки ҳангоми ҳолати ғайричашмдошт идораро бар зиммаи худ мегирад. Ин мошинҳо чун дигар мошинаҳои муқаррари қоидаҳоро риоя менамоянд, дар ҷойҳои зарури суст ё парра манъ мешаванд.

Арзиш барои сафар тариқи замима дақиқ мешавад ва ба масофаи тай карда вобаста мебошад. Мисол барои саёҳат ба масофаи 5 километр ва 8 дақиқа арзиш ба 7 доллар баробар мешавад. Таксиҳои Uber ё Lyft бошанд, низ чунин нархнома доранд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Донишҷӯйи тоҷик ғолиби конфронси илмии байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек гардид

Дар конфронси бонуфузи илмии донишҷўён дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 250 нафар донишҷў аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Афғонистон аз рӯи навиштаҳои илмии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: