Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1»-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Дар расми ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Тибқи лоиҳа майдони футболи хурд 20 метр паҳноӣ дошта, дарозии он ба 40 метр баробар хоҳад шуд. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, иҷрои корҳоро Ширкати сохтмонии ҶДММ «Садоқат-Суғд» ба зимма гирифтааст. Барои ин аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.
Шаҳрвандони аз 16 сола поёнро ба WhatsApp роҳ намедиҳанд
Мессенджери WhatsApp, ки ба Facebook таалуй дорад, иттилоъ дод, ки шартҳои хизматрасониашро дар Иттиҳоди Авропо тағйир медиҳад. Минбад аз хизматрсони расман танҳо шахсони аз 16 ...


Нет комментариев