ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ ДАР БИНОИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ БО ШИРКАТИ КОРТАЪМИНКУНАНДАИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад:
Намояндагони ширкати бонуфузи холдингии «Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и Давлатӣ Баҳрайн бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе меоянд. Мусоҳибаи бевосита ва рӯ ба рӯ бо корфармо дар бинои Марказии Агентӣ баргузор мегардад.
ВАҚТИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБА:
Сана: 07.07.2026 (7-уми июли соли 2026)
Оғоз: соати 10:00 (бо вақти Тоҷикистон)
ВАКАНСИЯҲО ВА МАОШҲОИ ПЕШНИҲОДШУДА:
Пешхизматҳо (Waiter / Waitress) — 10 нафар (Маош: 200 — 250 BHD / тақрибан $530 — $663);
Хостес (Hostess) — 5 нафар (Маош: 250 — 300 BHD / тақрибан $663 — $795);
Корманди тозакорӣ (Room Attendant) — 6 нафар (Маош: 180 — 220 BHD / тақрибан $477 — $583);
Агенти қабули меҳмонон (Guest Relation Agent) — 4 нафар (Маош: 300 — 350 BHD / тақрибан $795 — $928);
Bars (Bartender) — 2 нафар (Маош: 300 — 350 BHD / тақрибан $795 — $928).
ТАЛАБОТИ АСОСӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН:
Донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират (мусоҳиба бо корфармо танҳо ба забони англисӣ сурат мегирад);
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва меҳмондорӣ (Hospitality) афзалият дорад;
Намуди зоҳирии расмӣ ва одоби муоширати хуб.
ШАРОИТҲОИ КОРИҲО (комилан аз ҳисоби корфармо):
Ҷойи зисти роҳат, 🚌 нақлиёт ва 🏥 суғуртаи тиббӣ;
Билети ҳавопаймо ва 📑 Танзими визаи корӣ (Employment Visa);
Хӯроки ройгон дар вақти корӣ;
Реҷаи кор: 8 соат дар як рӯз, 6 рӯзи корӣ дар ҳафта.
ТАРТИБИ ИШТИРОК ВА СУПОРИДАНИ ҲУҶҶАТҲО:
Ирсоли CV: Хоҳиш карда мешавад, ки довталабон тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба забони англисӣ тавассути паёмрасони WhatsApp ба рақамҳои Агентӣ бифиристанд.
Распечаткаи CV: Номзадҳои интихобшуда бояд ҳангоми омадан ба мусоҳибаи рӯ ба рӯ нусхаи чопшудаи (распечатка) резюмеи худро ба забони англисӣ ҳатман бо худ дошта бошанд.
ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:
Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
Тел: 221-39-67, 221-39-83
Рақамҳо (WhatsApp): +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994
Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19
Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
Вилояти Суғд: +992 92 777 0909: +992 92 822 6633
Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828
ВМКБ: +992 935 101 439
МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»
Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ дар Агентӣ ройгон мебошанд. Ин имконияти беназири кориро дар яке аз холдингҳои бузурги Баҳрайн аз даст надиҳед!


Нет комментариев