Рӯзи 15-уми апрел ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2025/2026 расман муайян гардиданд.

0
6 просмотров

Рӯзи 15-уми апрел ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2025/2026 расман муайян гардиданд.

Дастаи “Бавария” роҳхати нимфиналро пас аз пирӯзӣ дар бозии ҷавобии даври чаҳорякниҳоӣ бар “Реал Мадрид” бо ҳисоби 4:3 ба даст овард. “Арсенал” бошад, баъди ғалаба дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0 дар дидори ҷавобӣ бо “Спортинг” мусовӣ (0:0) карда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Дар дигар ҷуфтҳо, “Атлетико Мадрид” аз рӯи натиҷаи умумии ду бозӣ “Барселона”-ро бо ҳисоби 2:0, 1:2 шикаст дод. Ҳамчунин, “ПСЖ” бо ду пирӯзӣ бар “Ливерпул” бо ҳисоби 2:0, 2:0 ба чоргонаи беҳтаринҳо дохил шуд.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи нимниҳоӣ “ПСЖ” бо “Бавария” ва “Атлетико Мадрид” бо “Арсенал” бозӣ мекунанд. Вохӯриҳои аввали марҳилаи нимниҳоӣ рӯзҳои 28 ва 29 апрел баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 5 ва 6 май ба нақша гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “ПСЖ” маҳсуб мешавад, ки дар финали соли гузашта, “Интер”-ро бо ҳисоби бузурги 5:0 мағлуб карда буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на 03.11.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 03.11.2018 года с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определилофициальный курс иностранной валюты по отношению к сомони. 1 доллар США = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: