Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе зиёда аз 5 ҳазор ниҳол шинониданд

0
226 просмотров

Дар доираи ҳаракати ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар канори шоҳроҳи байналмилалии Чанок-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ беш аз 5 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ садҳо нафар сокинони ноҳия, кормандони ташкилоту муассиса ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд.

Соли 2026  тибқи нақша дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.

Ин иқдом ба беҳтарсозии вазъи экологӣ, пешгирии биёбоншавӣ ва фароҳам овардани муҳити сабзу хуррами зиндагӣ барои сокинон равона гардидааст.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аз WhatsApp 1 миллиард одамон истифода мебаранд

Шумораи истофодабарандагони фаъоли мессенҷери (паёмрасони) WhatsApp ба як миллиард  нафар расид. Дар ин бора Лента.ру хабар медиҳад. Замима (приложение) барои истифодабарандагон бо 53 забон ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: