Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад

0
215 просмотров

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивал бозиҳои миллии варзишии камонварӣ, тезхӯрак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ, астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо намоиш дода мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории бозиҳои миллии варзишӣ — эҳё намудани бозиҳои қадимии тоҷикон ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: