Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд

0
171 просмотров

8 феврал дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори генералии «Бунёди деҳаи фарҳангии Қатара» профессор Холид ибни Иброҳим Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии давлатҳо арзёбӣ намуда, ин иқдомро заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 6 феврал Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар оғоз гардида, то 13 феврал идома меёбанд. Дар доираи он мулоқот, барномаҳои пуршукуҳи консертӣ, намоишгоҳҳои либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 13.05.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9069 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: