Қадршиносии соҳибкорони муваффақи вилояти Суғд

0
109 просмотров

25 декабр пас аз ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода як қатор соҳибкорон қадрдонӣ карда шуданд. 

Ба соҳибкорон барои фаъолияти назаррас, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ, саҳми шоиста дар рушду нумӯи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ободонии Тоҷикистони азиз, инчунин барои ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2025 Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вимпели ифтихории «Соҳибкори сол – 2025» супорида шуд.

Зикр гардид, ки дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, саҳми соҳибкорон дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мӯйхушккунак (фен)

Биёед ба саҳифаҳои таърих як назар андозем. Якумин мӯйхушккунакҳо дар соли 1900 дар  Олмон пайдо гашта, намуди аҷиб доштанд. Онҳо ҳаҷман калон буда, ҳавои ниҳоят ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: