Хаби Алонсо сармураббии “Реал Мадрид” шуд!

0
394 просмотров

Сармураббии дастаи “Байер”-и Леверкузени Олмон Хаби Алонсо бо “Реал Мадрид” то тобистони соли 2028 шартнома мебандад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Алонсо як дастаи ёваронро барои кор дар “Реал Мадрид” интихоб карда, шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонидааст, ки дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.

Қаблан маълум шуда буд, ки мутахассиси испании 43-сола дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бошгоҳҳо, ки аз 15-уми июн то 13 –уми июл дар ИМА баргузор мешавад, тими шаҳри Мадридро роҳбарӣ мекунад.

Алонсо аз соли 2022 сармурабии тими  «Байер»-ро бар ӯҳда дорад.Таҳти роҳбарии ӯ дастаи «Байер»  қаҳрамони Олмон шуд ва дар мавсими гузашта Ҷоми Олмонро ба даст овард ва ба финали Лигаи Аврупо роҳ ёфта буд.

Карло Анчелотти пас аз бохт дар Эл-Класико бошгоҳи шоҳонаро тарк мекунад ва эҳтимол сармураббии тими милии Бразилия мешавад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

УЕФА: Матчи Евро-2016 могут пройти без зрителей

Матчи чемпионата Европы по футболу во Франции, который пройдет летом этого года, могут быть перенесены в другие города и пройти в другие даты без зрителей в случае угрозы террористических атак, заявили АП в УЕФА. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: