Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон таъсис меёбад

0
330 просмотров

Аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, таҳти шиори «Ташкили ҷомеаи оянда барои ҳаёти мо» иштирок менамояд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024 «Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон» ба тавсиб расид.

«Бо ин мақсад дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис дода шавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли амалии масъалаҳои ташкилии Намоишгоҳи мазкур дар муддати як моҳ Дирексияи экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис диҳад», — чунин омадааст дар қарори мазкур.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 19.09.2023

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9610 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: