Дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад

0
502 просмотров

Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр 20 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Дар айни замон 90%-и корҳои ин лоиҳа ба анҷом расидааст.

Дар доираи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаю қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хокаи ҷомашўӣ

Дар охири асри 19-ум дар Англия корҳои  кашфиётӣ оид ба  хокаи ҷомашӯии универсалӣ оғоз гардида буд. Лек танҳо баъди гузашти даҳсолаҳо аввалин собунҳои махсуси ҷомашуӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: