“Нюкасл” дар финали Ҷоми Лигаи Англия

0
656 просмотров

Бозии даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия миёни дастаҳои “Нюкасл” ва “Арсенал” ба анҷом расонид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сент Ҷеймс Парк”-и шаҳри Нюкасл доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Дар бозии аввал низ “Нюкасл” дар Лондон бо ҳисоби 2 бар 0 бар “Арсенал” зафар ёфта буд.

Александр Исак дар дақиқаи 4-ум гол зад, лек бинобар ҳолати нобозӣ VAR голро бекор намуд. Дар дақиқаи 19-уми бозӣ Ҷейкоб Мерфи ҳисобро ба фоидаи “Нюкасл” боз кард.

Дар дақиқаи 52-юми вохӯрӣ Энтони Гордон ҳисобро дуболо намуд. Ин охирин гол дар бозии дастаҳо буд.

Ҳамин тавр, пас аз натиҷаи бозии рафту баргашт “Нюкасл” бо ҳисоби 4 бар 0 “Арсенал”-ро мағлуб карда, ба финали Ҷоми Лигаи Англия роҳ ёфт. Дар финал “Нюкасл” бо ғолиби ҷуфти “Ливерпул” ва “Тоттенҳэм” бозӣ мекунад.

Ғолиби феълии мусобиқа дастаи “Ливерпул” маҳсуб мешавад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чаро Бадахшонро «Боми Ҷаҳон» меноманд?

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — вилояти мухторест дар кӯҳсори Помир дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аст, ки 525 км шарқтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди  Ғунд ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: