Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд

0
383 просмотров

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаҳои «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» ва «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Созишномаҳо 3 декабр аз ҷониби Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расиданд.
Арзиши созишномаҳои грантӣ барои ин лоиҳаҳо 8 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва сари вақт бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Похрустим: как расслабить плечи и шею в разгар рабочего дня

Стресс, многочасовое сидение за компьютером и ношение тяжестей могут спровоцировать защемление мышц и вызвать болезненные ощущения в области шеи, плеч и спины. Узнай, как помочь себе самостоятельно в разгар рабочего дня ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: