Барқияи тасаллият ба Президенти Индонезия

0
4 718 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷиавии суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, моро хеле андуҳгин кард.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд гардидааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати ҳамаи шаҳрвандон, меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: