Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа барои ду сокини Хуҷанд хонаҳои истиқоматӣ бунёд мешавад.Тавре сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад, бинои истиқоматии сокини кӯчаи ба номи Содирхон Ҳофиз, ҳавлии № 370 Норӣ Собирова ва сокини дигари ин маҳалла, кӯчаи С. Ҳофиз 163 — Фотима Каримова дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва онҳо имкони молии бунёди манзилро надоранд. «Норӣ Собирова давоми чанд сол аст, ки бо ягона фарзанди маюбаш ду набераи худро тарбия менамояд. Келинаш бошад бемории рӯҳи дошта, ғайри қобили амал аст. Фотима Каримова бошад ду фарзанди ноболиғро танҳо ба воя мерасонад» — менависад, манбаъ. Аз моҳи оянда корҳои сохтмонии манзили ин ду сокини шаҳр оғоз мегардад. Дар ин бора sugd.tj хабар медихад.
Қурби расмии асъор барои имрӯз: 08.08.2019
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.4398 сомонӣ; 1 евро – ...


Нет комментариев