Эрик тен Ҳаг “рекорд” гузошт

0
542 просмотров

Дар бозии даври 3-юми “Премйер-Лига”-и Англия  дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул” дидор анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Олд-Траффорд» дар Манчестер баргузор шуд. Дастаи “Ливерпул” харифашро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.Ин мағлубият ба он оварда расонд,ки сармураббии “Манчестер Юнайтед” Эрик тен Хаг номи хуро ба рӯйхати  антирекордҳои клуб дар миёни сармураббиён дохил кунад.

Ин дувумин бохти “Манчестер Юнайтед” дар се даври аввали “Премйер-Лига”-и Англия мебошад. «Манчестер Юнайтед»  дар мавсими 2022/2023 дар се даври аввали чемпионат зери раҳбарии Эрик тен Ҳаг дутоашро бохта буд. Бохти даста аз Брайтон ва Брентфорд буд. Ҳамин тариқ, Эрик тен Ҳаг аввалин сармураббии “Манчестер Юнайтед” дар таърих гардид, ки дар ду мавсими “Премйер-Лига”-и Англия пайиҳам дар  се даври аввал  ду маротибагӣ ба бохт мувоҷеҳ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола “Манчестер Юнайтед” аз дастаҳои “Брайтон” ва “Фулҳэм” мағлуб шуд.

Манбаъ: ВАРЗИШ-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мори ало, як навъ морест безаҳр

Мори ало, як навъ морест безахр: Мушакҳои танаш хеле пурқувват, гавхараки чашмаш амуди. Ду шушдорад (шуши росташ нисбатан дарозтар аст). Пулакчаҳои баданаш майда, хамвор. Думаш ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: