Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд

0
532 просмотров

Дар шашмоҳаи  якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, аз 25 иншооти варзишӣ 7-тои он толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 16 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ,  дар вилоят 2 ҳазору 905 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 49 варзишгоҳ, 2008 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 160 иншооти махсуси варзишӣ,  аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 29.04.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3200 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: