Тасдиқи рамзи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ

0
3 783 просмотров

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Омодагии “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” ба ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Директори генералии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт. Сарвари ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: