Ҷаласаи роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ

1
8 955 просмотров

Дирӯз дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи кории Шӯрои машваратии Иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ҷаласаи гурӯҳ оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо, иштирокчиёни барқароркунии садамаи Чернобил, Иттиҳодияи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони иттифоқи волидайни сарбозони вилоят, Иттифоқи ҷавонони вилоят, иттифоқи рассомон, Ассотсиатсияи милии соҳибкорзанон, донишҷӯёни мактабҳои олии вилоят ширкат намуданд.

Дар ҷаласа оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои имрӯзу фардо, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баргузории чорабиниҳо бахшида ба соли 2015 «Соли оила», маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони мардумӣ ба Парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1 март баргузор мегардад, иштироки шаҳрвандон дар интихобот ва ҳуқуқи конститутсионии онҳо маълумот дода шуд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

 

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Хушкмева ва манфиати он.

Истеъмоли хушкмева ба инсон дар тўли ҳазорсолаҳо маълум ва маъмул аст. Ҳанўз дар карни санг, вақте, ки мардҳо ба шикор мерафтанд, занҳо меваҳои аз дарахт ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: