Ҷавонони фаъоли тоҷик дар Форуми омӯзишӣ ва табодули малакаи роҳбарии ҷавонони Чин иштирок менамоянд

0
498 просмотров

Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон дар Форуми омӯзишӣ ва табодули малакаи роҳбарии ҷавонони Чин ва Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони «Пул ба сӯи оянда» баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум аз 15 то 22 май дар шаҳрҳои Шинҷон ва Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, бо ин мақсад 5  корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ ба ин давлат сафар намуданд.

Мақсади форум тақвият бахшидани малакаи роҳбарӣ, ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсат, варзиш, илм, маориф, фарҳанг, саноат, сайёҳӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таксисты пригрозили сорвать Евро-2016

Французские таксисты угрожают помешать проведению чемпионата Европы по футболу 2016 года, если власти не удовлетворят их требования. В частности, таксистов не устраивает конкуренция с компаниями, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: