Қалъаи Муғ дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дари худро боз мекунад

0
6 857 просмотров

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавзеи таърихии Қалъаи Муғ сохтмони амфитеатр бо 5 ҳазору 100 ҷойи нишаст ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз шуъбаи иттилоотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барои сазовор ҷашн гирифтани Ваҳдати миллӣ Қалъаи Муғ пурра таъмиру тармим гардида, деворҳои даромади арки қалъа бо инъикоси лаҳзаҳои захмӣ гардидани Искандар, давраи ориёӣ, нақше аз Рустам, ободкориҳои ӯ ва аксҳои қаҳрамонҳои шуҷоъ, ки дар набардҳо бо аҷнабиён аз ҷумла мақдуниҳо, туркҳо, муғулҳо мубориза бурдаанд, тасвир ёфтаанд.

Инчунин Қалъаи Муғ чун маркази сайёҳӣ, фарҳангиву фароғатӣ омода шуда, гирду атрофи он бо дарахтони ороишиву сояафкан оро дода мешавад.

Манбаъ: Сомонаи АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тренды осень-зима 2015/2016

Каждое утро мы, девушки, собираясь на учебу, работу или просто по делам, впадаем в ступор перед выбором  ЧТО НАДЕТЬ? Не каждая из представительниц прекрасного пола ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: