Таеквондочиёни тоҷик барои роҳхати олимпӣ ба Чин мераванд

0
620 просмотров

15-16-уми март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё доир мегардад.

Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон ҳайати Тоҷикистонро иборат аз 3 варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) ва Мунира Абдусаломова (+67кг) – ба Чин сафарбар намуд.

Варзишгарон дар ҳашт вазн – 4 вазн миёни мардҳо, 4 вазн миёни бонувон – барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош мекунанд. Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад. Яъне варзишгароне, ки ба финал мебароянд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Машварати кории Раиси вилояти Суғд

Рӯзи гузашта пас аз баргузории Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, машварати кории Раиси вилоят бо раисони шаҳру навоҳӣ ва фаъолони вилоят ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: