Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд

0
598 просмотров

Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони  давлатҳое дохил менамояд, ки метавонанд бе раводид ба ин кишвар ворид шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти сомонаи расмии агентии сайёҳии ин кишвар «Visit Qatar», шумораи ин давлатҳо ба 102 мамлакат расидааст.

Тибқи ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бе раводид ба Қатар ворид шуда, то 30 рӯз дар қаламрави он боқӣ монанд.

Сода намудани низоми раводид қисми муҳими стратегияи миллии рушди сайёҳӣ дар Қатар мебошад, ки ҳадафаш то соли 2030 ҳамасола ба беш аз 7 миллион нафар расонидани теъдоди сайёҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки низоми 30-рӯзаи бе раводиди сафар барои шаҳрвандони давлати Қатар, ки хоҳиши дидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, низ амал менамояд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Белый дом приостанавливает работу?

Белый дом и ряд федеральных ведомств начали заблаговременную подготовку к приостановке работы правительства из-за возникших разногласий касательно финансирования по обеспечению безопасности американских границ, указывает газета ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: